Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 23, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи байналмилалии «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар асоси Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Кӯлоб қитъаи А», «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии асосӣ — Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандиси сохтмонии Синтзян» аз 22 феврали соли 2018 амалӣ гашта, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Мувофиқи маълумоти сохтмончиён дарозии пул 140 ва паҳноиаш 10 метр буда, иқтидори борбардории он 100 тонна мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз иншоот ба кори сохтмончиёну роҳсозон баҳои баланд додаанд.

Пули мазкур ҳамчун қисми таркибии сохтмони роҳи байналмилалии “Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма” ба шумор рафта, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ, амалӣ гашта, монеа ва мушкилоти мавҷударо дар рафту омади ҳамагуна нақлиёт бартараф месозад.

Бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама ба таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, инчунин ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон замина фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғоз бахшид буданд.

5 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”-ро ифтитоҳ карда буданд.

Роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин” дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанберо бо шаҳри Кӯлоб, нохияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин наздик сохта, яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Дар ин шоҳроҳ 3 пул мавҷуд буда, 2 адади он навсозӣ ва пули нав дар километри 23-юми роҳ дар як мавзеи бар асари офати табиӣ харобгардида бунёд шудааст.

То имрӯз рафту омади воситаҳои нақлиёт бо роҳи муваққатӣ сурат мегирифт, ки он хароҷоти иловагӣ ва вақти зиёдро талаб менамуд. Ба хусус дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ин қитъаи роҳ ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт мушкил буд.

Ҳангоми сохтмони пул аз тарафи мутахассисони роҳсоз қубурҳои обгузар васл карда шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳану бетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.

Меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони роҳ ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил гардида, аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии он ба 12 метр баробар мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард бошад, 7 метрро ташкил медиҳад.

Аз ду тарафи он канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, инчунин мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ аз километри 6-ум то ба километри 21-ум бо назардошти нишебии тулонии роҳ ва таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт 3 хатти ҳаракат ба назар гирифта шудааст. Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб паҳноии роҳ ба 21 метр баробар мегардад.

Барои таъмини бехатарӣ дар роҳ бошад, корҳои сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, пиёдароҳҳо, равшаннамоии минтақаҳои аҳолинишин, сохтмони канорасангҳо, насби аломатҳои роҳ ҷавобгӯ ба стандарҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар сохтмону азнавсозии роҳ ва пули мазкур беш аз 90 фисад коргарони маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар шафати роҳ дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла хонаи модару кӯдак бунёд ёфтааст.

Шоҳроҳи автомобилгарди “Кӯлоб — Қалъаи Хумб, қитъаи “А” “Кӯлоб — Шамсиддини Шоҳин” дар воқеъ ба яке аз роҳҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ кунонида шудааст.

Бо натиҷагарӣ аз ин бунёдкориҳо метавон гуфт, ки сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувору қатъӣ гузошта шудааст.

Танҳо давоми солҳои охир бо талошҳои хастанопазири Роҳбари давлат дар 6 марҳила таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб — Қалъаи Хумб” бо сифати баланд анҷом дода шуд. Дар натиҷа зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандарҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст. Дар умум, азнавсозии бештар аз 58 километри ҳамин қитъа тавассути Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бо ҷалби шарикони рушд сомон дода шудааст. Дар ин масир, ки масофаи умумии он 32 километрро ташкил медиҳад, барои таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёту пиёдагардон 1302 аломати роҳ насб гардида, дар масофаи 22 километри он корҳои чароғонкуни анҷом дода шудааст, ки шабонгоҳ ин масирро зебову назаррабо гардонидааст. Ба хусус дар қисматҳои аҳолинишини деҳоти Шурообод ва Доғистони ноҳияи Шамсидин Шоҳин, се деҳаи деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод ва маҳаллаи Вализодаи шаҳри Кӯлоб шомгоҳон имконоти хуб барои гашту гузори сокинон фароҳам гардидааст.

Бунёду ба истифода додани пули мошингузар дар баробари аз шароити замонавию бехатар баҳравар шудани ронандагону мусофирон барои ҳаракат, ҳамзамон ба 2 километр кӯтоҳ шудани масофаи роҳ боис гардид.

Таҷдиди ин роҳ ва пул бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон тавассути ҳамин роҳ содироту воридоти молу маҳсулот сурат мегирад.

Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Ифтитоҳи пули мошингузар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд