Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Меҳргон пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст

Октябрь 16, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад. Яъне, Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосили кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагӣ мекарданд. Ба ибораи дигар, Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад. Чунин зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябр зимни Паёми шодбошиашон ба муносибати ҷашни Меҳргон.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некноми тоҷик бамеросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромиву осоиш даъват мекунанд, ҳамаро, сарфи назар аз тафовутҳои миллӣ, диниву мазҳабӣ ва мақому мартабаи иҷтимоӣ гирди дастархони пурнозу неъмати идона ҷамъ оварда, ба ин васила дӯстиву рафоқати байни инсонҳоро таҳким мебахшанд. Танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем».

Чунонки зикр гардид, Меҳргон чун дигар ойинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад. Дар робита ба ин, хотирнишон бояд кард, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад-тазаккур доданд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки Меҳргон- яке аз идҳои қадимтарини мардумони тоҷик, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил мекарданд. Ин ҷашн рӯзи 16- и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.

Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар саршавии фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки он бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд.

Мувофиқи ривоятҳо, гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, туҳфаҳо тақдим менамуданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург номида мешуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 августи соли 2009, якшанбеи сеюми моҳи октябр дар тамоми гӯшаю канори мамлакат Иди Меҳргон ҷашн гирифда мешавад. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид