Президенти Африқои Ҷанубӣ: Арабистони Саудӣ ният дорад ба БРИКС шомил шавад

Октябрь 19, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ ният дорад ба Иттиҳоди панҷ кишвари БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) шомил шавад. Дар ин бора президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса изҳор дошт, хабар медиҳад РИА “Новости”.

Рамафоса ба наздикӣ ба Арабистони Саудӣ сафар намуда, бо роҳбарияти мамлакат гуфтушунид кард. Дар ин нишаст, аз ҷумла, масъалаи узвияти эҳтимолии Ар-Риёз дар БРИКС матраҳ гардид. Мақомоти Арабистони Саудӣ хоҳиши пайвастан ба ин иттиҳодро хотирнишон намудаанд.

Ба гуфти Рамафоса, соли 2023 нишасти сарони кишварҳои БРИКС баргузор мешавад, ки раёсати онро Африқои Ҷанубӣ бар уҳда дорад. Дар ин дидор масъалаи ба ин иттиҳод шомил шудани кишварҳои дигар, ки мехоҳанд ба БРИКС дохил шаванд, баррасӣ хоҳад шуд. Рамафоса бар ин назар аст, ки тавсеаи БРИКС аз ҳисоби Арабистони Саудӣ барои кишварҳои шарики ин иттиҳод тағйироти ҷиддӣ ба бор хоҳад овард.

           АКС аз бойгонии ТАСС

Октябрь 19, 2022 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид