Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Бобои Шамс» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шинос шуда, дар ҷашни Меҳргони вилояти Хатлон иштирок намуданд

Октябрь 23, 2022 08:57

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз боғи интенсивии «Бобои Шамс» дидан намуданд.

Боғи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқавории кишвар бунёд карда шуда, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ҳосили баланд ба даст оварда, дар баробари таъмини аҳолии ноҳия бо меваҳои хушсифат ба хориҷи мамлакат низ содирот менамоянд.

Боғи интенсивии “Бобои Шамс” дар ҳудуди деҳоти Шӯроободи ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,4 гектар замин бунёд карда шудааст. Дар боғ 2 ҳазору 350 ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи интенсивӣ парвариш карда мешавад.

Боғ бо ташаббуси бобои Шамс дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин дар соли 2019 бунёд ёфта, соли сеюм аст, ки ба ҳосил даромадааст.

Тавассути пойгоҳи обкашии барқӣ ва бо тарзи қатрагӣ парвариши дарахтон ба роҳ монда шудааст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ пешқадамтарин дониста мешавад.

Бо мақсади самаранок истифода шудани замин саҳмдорон дар байни қатори дарахтон сабзавот коридаанд, ки майдони 0,20 гектарро дар бар мегирад.

Ҷиҳати нигоҳдории беталафи меваву сабзавот масъулини хоҷагӣ ба бунёди сардхона бо ғунҷоиши 250 тонна оғоз намудаанд, ки минбаъд ҳосили боғ дар он ба муддати дароз нигоҳдорӣ карда мешавад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон ба фаъолияти назарраси онҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад ва дар шароити кунунӣ хеле ҳам саривақтист дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Пас аз боздиди боғи интенсивӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Меҳргон, ки дар боғи мазкур баргузор гардид, иштирок намуданд.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми ориёнажод буда, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ибтикори Пешвои миллат дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба таври расмӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангӣ арҷ мегузоранд.

Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосил, фаровонӣ, шодиву нишот, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқат аст.

Дар ҷашнгоҳ аҳли заҳмат дастранҷи худро, аз қабили меваву сабзавот, ғалладонагӣ, полезӣ ва ғайра ба намоиш гузошта буданд.

Дар намоишгоҳ деҳқонон дастовардҳои кишоварзии худро дар шаклҳои хеле ҳам ҷолибу диданӣ, аз қабили манораҳо аз меваву сабзавот ва ғалладонагиҳо манзури иштирокчиён намуданд.

Пешвои миллат зимни боздид аз намоишгоҳ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, гирифтани чанд ҳосил аз як замин ва дар ин баробар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Боздид аз боғи интенсивии “Бобои Шамс” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва иштирок дар ҷашни Меҳргони вилояти Хатлон 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд