Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сардхона дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» Ориф Камолов дар масоҳати 0,30 гектар бунёд карда шудааст.
Иншооти мазкур бо технологияи муосир, аз ҷумла яхдонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои нигоҳдории 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ гардидааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили сардхона насб карда шудаанд, имконият медиҳанд, ки меваю сабзавот ва дигар муҳсулоти кишоварзӣ беталаф нигоҳдорӣ гарданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» 500 гектар боғи ангур дорад ва меваи ҷамъоваригардида дар сардхонаи навбунёди замонавӣ ҷой карда мешавад.
Танҳо дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Камол» дар як сол 15 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ мешавад. Боғдорони хоҷагӣ ангурро асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳо содирот менамоянд. Ҳоҷагӣ имконияти дар сардхона нигоҳ доштани то 4 ҳазор тонна ангурро дорад.
Таҷрибаи бою ғании парвариши хоси ангур афзалияти токпарварони хоҷагии мазкур ба шумор рафта, онҳо барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ва захираи он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.
Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳида буда, дар ҳар яки он имкони ғунҷондани то 100 тонна молу маҳсулот мавҷуд аст. Дар айни замон дар Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-и шаҳри Турсунзода 6 навъи ангури аълосифати дар бозори дохил ва хориҷ серталаб парвариш меёбад.
Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёди онро ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот, бахусус ангур ва дар тамоми фасли сол таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 62 сардхона мавҷуд аст, ки дар онҳо бештар аз 20 ҳазор тонна мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ захира ва нигоҳдорӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Турсунзода дар оянда барои захира ва нигоҳдории 100 ҳазор тонна ангури навъи аъло сардхонаҳои муосир бунёд карда мешавад. Ин омил имконоти захираву беталаф нигоҳдории маҳсулоти кишоваризиро таъмин менамояд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






