Президенти Тоҷикистон: «Дар ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадӣ ба истифода дода шуданд»
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имконият ҷиҳати тақвияти он бениҳоят муҳим аст. Тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта, ба истифода додем»,- иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон», ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
«Ҳамзамон сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, моро зарур аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд намоем», иттилоъ доданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат дар ҷараёни суханронӣ доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмин намудани ҳифзи сарҳад пешниҳод намуданд, ки дар сохти конститутсионӣ ва рушди муназзами давлатҳо бояд ҳамкории воқеиву шаффоф ба роҳ монда шавад, то ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо бошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 июли соли 2021 зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии отрядӣ сарҳадии «Ҳамадонӣ» иброз намуда буданд, ки «сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад».
Зикр шуд, ки «Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хати сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайванданд, ки тақрибан 60 фоизи марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки дар ин робита, талошҳои таъхирнопазир ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон — консепсияи «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо амри зарурӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






