Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд

Октябрь 18, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои кори конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои Раванди Душанбе, ки самараи иқдоми муштараки Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид аст, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ хизмат хоҳад кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба афзоиши таҳдидҳо ба амнияти минтақа, аз ҷумла густариши терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков 18.10.2022

Октябрь 18, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар