Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд

Октябрь 12, 2022 16:44

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямонро дар ноҳияи Варзоб тамошо карданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоби ноҳияи Варзоб боздид намуданд.

Аз рӯзи нахустини сафари расмӣ ба Тоҷикистон Александр Лукашенко бо эҳсоси баланд дар бораи ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз дошт. Ҳамин буд, ки имрӯз ҳамроҳ бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишвари нотакрор аст.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, ки бо шарофати Пешвои миллат аз нав эҳё гаштаву рушд мекунад, аз қадим хусусияти хоси дӯстонаю самимияти баланд дорад.
Боздид аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб 12.10.2022

Октябрь 12, 2022 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд