Президенти Тоҷикистон ҳифзи амнияти озуқавориро вазифаи аввалиндараҷаи давлат номиданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини ҳифзи амнияти озуқаворӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлат маҳсуб мешавад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати ҷашни Меҳргон иброз доштанд.
«Ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, <…> вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад»,-иброз намуданд Роҳбари давлат.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, зарур аст «мардум [Тоҷикистон] дар фасли зимистон ба камчинӣ ва камбуди ғизо рӯ ба рӯ нашаванд».
Сарвари давлат ба роҳбарону мутахассисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ муроҷиат намуда, гуфтанд, ки ба масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гирифтани се – чор ҳосил ва захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ бисёр муносибати ҷиддӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






