Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия» бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мусбати рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон бадастомада изҳори қаноатмандӣ карда, дидору мулоқоти имрӯзаро имкони мувофиқ барои баррасии ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ муҳим маънидод намуданд.
Сарони кишварҳо зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои афзалиятнок ва барои ҷонибҳо судовар баррасӣ намуда, татбиқи пурраи созишномаҳои қаблан қабулгардидаро ҳадафи аввалиндараҷа арзёбӣ карданд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






