Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев: Муносибатҳои гуногунҷанбаи Узбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи дӯстии абадӣ инкишоф меёбанд

Октябрь 5, 2022 11:45

 ДУШАНБЕ, 05.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Шумост, ки дараҷаи некуаҳволии мардум баланд шуда, мамлакат дар тамоми соҳаҳо муваффақияти намоён ба даст меорад ва нуфузи давлат дар арсаи байналхалқӣ баланд мешавад»,- изҳор намудааст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи табрикотии худ ба муносибати зодрӯзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба  унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Бародари азиз!

Ман аз самими қалб хеле шодам, ки ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати 70-солагии зодрӯзашон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринамро мерасонам.

Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди барҷастаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу шукуфоии кишваратон бо матонати бузург фаъолият менамоед.

Сафарҳои сатҳи олӣ, ки солҳои охир сурат гирифтанд, муколамаи фаъоли мо бар асоси принсипҳои эҳтиром ва дастгирии мутақобилаи шарикии стратегиро ба сатҳи комилан нав-муносибатҳои иттифоқӣ бароварданд»,-афзудааст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Ба зикри Шавкат Мирзиёев, ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои тарафайни мо муносибатҳои гуногунҷанба миёни Узбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар тамоми соҳаҳо дар рӯҳияи дӯстии абадӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамсоягии нек инкишоф меёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ муваффақияти калон ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва пешрафти доимӣ таманно намудааст.

АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»