Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия дар шаҳрҳои Москва ва Уфа баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ва 26 октябр дар шаҳрҳои Москва ва Уфа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия доир мегарданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
24 октябр, соати 19:00 дар Театри давлатии академии Малии Москва консерти калони устодони санъати Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Олимҷон Солизода ва дигарон баромад мекунанд.
Дар ин рӯзҳо ансамблҳои машҳури рақсии «Гулрез» ва «Зебо» низ ҳунари худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд. Инчунин дар театр намоиши санъати амалии ҳунармандони халқӣ кушода мешавад, ки дар он гулдӯзии бадеӣ, нақшу нигор дар сафол ва ғайра намоиш дода мешавад.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳо бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Россия баргузор мешаванд.
Ба гуфти М. Саидов, баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 31 марти соли равон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги ФР Олга Любимова баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки «табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт».
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021 баргузор гардидаанд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аввалин маротиба моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд






