РЕЙТИНГИ ФИФА. Тоҷикистон як зина боло рафта, аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Молдова ва кишварҳои назди Балтика пеш гузашт

Октябрь 7, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) феҳристи нави рейтинги дастаҳои мунтахабро нашр кард. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани 1185,7 имтиёз ба мавқеи 108-ум баромад, хабар медиҳад АМИТ бо истинод ба сомонаи ФИФА.

Дар рейтинги қаблии ФИФА Тоҷикистон миёни 211 кишвари ҷаҳон дар зинаи 109-ум қарор дошт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нав аз кишварҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Эстония, Таиланд, Латвия, Туркманистон, Молдова болотар аст.

Миёни 46 кишвари Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Бразилия дар садри раддабандии ФИФА қарор дорад. Ҷойи дуюмро Белгия, сеюмро Аргентина ишғол мекунанд.

Дар даҳгонаи беҳтарин танҳо як тағйирот ба амал омад: Италия аз Испания пеш гузашт ва ба зинаи шашум баромад.

Миёни кишварҳои АФК ҷои аввалро дастаи Эрон ишғол мекунад, ба сегонаи беҳтарин Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ шомиланд.

Нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ моҳи июли соли 2013 буд: дастаи мунтахаби кишвар дар он мақоми 106-умро касб кард. Имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавонист аз рӯи 40 банд боло равад. Аз рӯи натиҷаҳои раддабандии моҳона дастаи кишвар натиҷаи пасттаринро соли 2003 (ҷои 180-ум) нишон дода буд. Пасттарин нишондиҳандаи солона ба ҳисоби миёна соли 2002 (миёни 207 дастаи ҷои 168-ум) ба қайд гирифта шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 7, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад