«РУБЕЖ-2022». Контингенти кишварҳои СААД дар Тоҷикистон машқҳои муштарак баргузор менамояд

Октябрь 11, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 21 октябр дар Тоҷикистон бо иштироки Неруҳои дастҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ машқҳои муштараки «Рубеж-2022» баргузор мегарданд. Дар ин бора сомонаи расмии СААД иттилоъ медиҳад.

Мавзӯи машқҳо «Омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби НДЗ МОМ барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави кишварҳои узви СААД ворид шудаанд», мебошад.

Марҳилаи фаъоли тамринот дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» аз 17 то 21 октябр доир мегардад.

«Дар тамринҳо ҳайати низомии кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказии СААД, гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва Котиботи СААД ширкат мекунанд»,-гуфта мешавад дар иттилоияи СААД.

Дар назар аст, ки теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафарро ташкил дода, беш аз 300 воҳиди техникаи низомӣ ва вижа, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб гарданд.

Вазифаҳои асосии Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат дар рафъи таҷовузи ҳарбии берунӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ маҳсуб мешаванд.

Иҷрои вазифаҳои мазкур дар шакли иҷрои нақшаи ягона ва амалиёти муштараки низомию махсус, амалиёти ҷангии Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.

АКС: Петр Ковалев/ТАСС

Октябрь 11, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид