Сафорати Россия дар Душанбе паёмҳо дар бораи даъвати муҳоҷирон ба хидмати низомиро «фейк» номид
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳо дар бораи даъвати хидмати низомии муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Россия «фейк» (тақаллубӣ) буда, ба халалдор намудани робитаҳои Москва бо дигар кишварҳо нигаронида шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти рӯзи якшанбе, 2 октябр нашрнамудаи сафорати Россия дар Тоҷикистон гуфта шудааст.
«Хабарҳои ба истилоҳ пайдошуда дар бораи даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (барои мисол, фармонҳои қалбакии Вазорати корҳои дохилии Россия),- бофтаҳои дурӯғин мебошанд», — гуфта мешавад дар изҳорот.
«Онҳое, ки ин гуна паёмҳои бардурӯғро роҳандозӣ мекунанд, ҳадаф доранд муносибатҳои моро бо дигар давлатҳо тира созанд», — зикр намуданд дар намояндагии дипломатӣ.
Сафорат аз шаҳрвандони хориҷии дар Россия буда, «аз ҷумла, тоҷикон даъват ба амал овардааст, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ тваҷҷуҳ намоянд».
Акс: ТАСС








Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид






