Сафорати Россия дар Душанбе паёмҳо дар бораи даъвати муҳоҷирон ба хидмати низомиро «фейк» номид

Октябрь 3, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳо дар бораи даъвати хидмати низомии муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Россия «фейк» (тақаллубӣ) буда, ба халалдор намудани робитаҳои Москва бо дигар кишварҳо нигаронида шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти рӯзи якшанбе, 2 октябр нашрнамудаи сафорати Россия дар Тоҷикистон гуфта шудааст.

«Хабарҳои ба истилоҳ пайдошуда дар бораи даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (барои мисол, фармонҳои қалбакии Вазорати корҳои дохилии Россия),- бофтаҳои дурӯғин мебошанд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

«Онҳое, ки ин гуна паёмҳои бардурӯғро роҳандозӣ мекунанд, ҳадаф доранд муносибатҳои моро бо дигар давлатҳо тира созанд», — зикр  намуданд дар намояндагии дипломатӣ.

Сафорат аз шаҳрвандони хориҷии дар Россия буда, «аз ҷумла, тоҷикон даъват ба амал овардааст, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ  тваҷҷуҳ намоянд».

Акс: ТАСС

Октябрь 3, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард