Сайид Иброҳим Раисӣ: «Мо шоҳиди саҳифаҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон хоҳем шуд»

Октябрь 5, 2022 12:46

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ имрӯз дар барқияи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки равобити дӯстона ва бародаронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари робитаҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва забонӣ қарор доранд.

«Умедворем, ки бо идомаи мулоқоти намояндагони ду кишвар ва баргузории вохӯриҳои муштарак мо шоҳиди саҳифаҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади таъмини манфиатҳои дуҷонибаи судманд ва таҳкими амнияту суботи минтақа хоҳем буд. Аз даргоҳи Худованди мутаъол ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ ва комёбӣ, барои мардуми Тоҷикистон рӯзгори пурбаракат ва шукуфоӣ мехоҳам»,- гуфта шудааст дар барқияи шодбошӣ.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»