Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсиониро баъди таъмиру навсозӣ ифтитоҳ карданд

Октябрь 23, 2022 11:59

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳаким Неъматови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави хусусии таълимӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  дар заминаи бинои алоқаи шаҳри Кӯлоб таъсис дода шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комил-2010” соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ва ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ иҷро гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд.

Бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб барои 460 донишҷӯ пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ ва аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Иншооти мазкур дорои синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона, лабаратория ва синфхонаҳои дарсӣ буда, барои донишҷӯён шароиту имконоти муосири аз худ кардани технологияҳои пешрафта муҳайё карда шудааст. Дар муассисаи нави таълимӣ ду кафедра, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва радиоалоқа амал мекунад, ки  мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои равияи техникӣ ва алоқа омода карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён, ки баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд аз рӯи 13 ихтисос касбу ҳунар омӯзонида мешавад.
Ифтитоҳи бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад