Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин даъват кард, ки муосиркунонии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат тезонида шавад

Октябрь 13, 2022 13:07

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пленуми Кумитаи марказии Ҳизби Комунистии Чин даъват намуд, ки суръати навсозии мудофиаи миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳи кишвар тезонида шавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар дод, дар ин бора дар баёнияе, ки рӯзи чоршанбе аз рӯи натиҷаҳои пленуми 7-уми КМ ҲКЧ, даъвати 19 интишор шудааст, гуфта мешавад.

«Иштироккунандагони пленум ба хулосае омаданд, ки дар шароити мураккаб ва тезутунди вазъияти байналхалқӣ <…> суръати навсозии мудофиаи миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳро тезонидан зарур аст»,-зикр шудааст дар ҳуҷҷат.

Пленуми 7-уми КМ ҲКЧ, даъвати 19 аз 9 то 12 октябри соли равон дар Пекин доир гардид. Дар он 199 аъзои КМ ҲКЧ ва 159 номзад ба узвияти КМ ҲКЧ иштирок намуданд. Ин охирин пленуми КМ ҲКЧ, даъвати 19-ум дар арафаи даъвати Анҷумани ХХ Ҳизби Коммунистии Чин мебошад, ки 16 октябр кушода мешавад.

АКС: АИ «Синхуа»

Октябрь 13, 2022 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад