ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, якшанбе, 275-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 2, 2022 08:00

2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» (Ҷаҳони дипломатия, ш.Брюссел) (№ 36) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» мақола нашр намуд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекард.

***

9 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Олмон Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.

2 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат.

***

Ганди Ҷаянти —  зодрӯзи Маҳатма Ганди.

РӮЙДОДҲО:

2 октябри соли 1932  дар шаҳри Хуҷанд калонтарин комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

2 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

***

8 сол пеш, 2 октябри соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

***

Дар ин рӯзи соли 1936 дар ИМА истеҳсоли нӯшокии  спиртӣ пас аз манъ кардан  дубора роҳандозӣ шуд.

***

2 октябри соли 2002 дар Ҷопон бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби «Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ибни Нуъмон» — и  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба нашр расид.

***

Соли 1987 дар Шабакаи аввали телевизиони марказии Россия барномаи нахустини «Взгляд» ба эфир баромад.

Октябрь 2, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст