Тақвияти ҳамкории гумрукӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Мухторов дар Тошканд баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон доир ба густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар изҳори назар намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти пурсамари низоми гумрукӣ ва мусоидат дар ҳамлу нақли молу маҳсулот пешниҳодҳои мушаххасро ироа намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо масъалаи тезонидани муоинаи гумрукӣ ва пешгирии танбашавии воситаҳои нақлиётӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадиро баррасӣ намуда, барои таҷдид ва афзудани иқтидори қабули нақлиёт дар гузаргоҳи сарҳадии «Бекобод» ва таъсиси гузаргоҳҳои нави дорои аҳамияти байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






