Теъдоди осебдидагон дар заминларзаи Эрон аз 500 нафар гузашт

Октябрь 6, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи 5,4 дараҷа, ки дирӯз, 5 октябр, субҳи барвақт дар наздикии шаҳри Хӯй дар шимоли Эрон рух дод, қариб 530 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Тасним»-и Эрон бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи онҳо, шояд ояндаи наздик теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Ба ақидаи раиси хадамоти наҷоти шаҳр, бисёр сокинон бар асари тарки мустақими хонаҳояшон ҳангоми заминларза ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Қаблан рӯзи чоршанбе Агентии Young Journalists Club хабар дод, ки дар натиҷаи заминларза 390 нафар захмӣ шуда, 135 нафари онҳо бо дасту пойи шикаста ва ҷароҳатҳои сар дар беморхона  бистарӣ шудаанд. Тақрибан 25 хона дар шаҳр нима ё пурра хароб шудаанд.

Ба иттилои Маркази миллии зилзилашиносии Эрон, заминларза дар наздикии шаҳри Хӯй сабт шудааст. Маркази заминларза дар умқи 10 километр ҷойгир будааст.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 6, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд