Теъдоди осебдидагон дар заминларзаи Эрон аз 500 нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи 5,4 дараҷа, ки дирӯз, 5 октябр, субҳи барвақт дар наздикии шаҳри Хӯй дар шимоли Эрон рух дод, қариб 530 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Тасним»-и Эрон бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи онҳо, шояд ояндаи наздик теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Ба ақидаи раиси хадамоти наҷоти шаҳр, бисёр сокинон бар асари тарки мустақими хонаҳояшон ҳангоми заминларза ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Қаблан рӯзи чоршанбе Агентии Young Journalists Club хабар дод, ки дар натиҷаи заминларза 390 нафар захмӣ шуда, 135 нафари онҳо бо дасту пойи шикаста ва ҷароҳатҳои сар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Тақрибан 25 хона дар шаҳр нима ё пурра хароб шудаанд.
Ба иттилои Маркази миллии зилзилашиносии Эрон, заминларза дар наздикии шаҳри Хӯй сабт шудааст. Маркази заминларза дар умқи 10 километр ҷойгир будааст.
АКС аз бойгонӣ








Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






