Тоҷикистон ва Беларус ба ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият мебахшанд

Октябрь 12, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо  Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки Тоҷикистон дар симои Беларус дӯсти боэътимод, шарики стратегию ҳамақидаи худро мебинад.

Ҳамзамон зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду давлат аз 5 апрели соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2019 мебошанд.

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки ба рушди муваффақона ва амиқтар шудани ҳамкории мутақобилан судманд имкон медиҳанд,- тазаккур дода шуд дар мулоқот.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибати ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 12, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид