Тоҷикистон ва Беларус ба ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки Тоҷикистон дар симои Беларус дӯсти боэътимод, шарики стратегию ҳамақидаи худро мебинад.
Ҳамзамон зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду давлат аз 5 апрели соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2019 мебошанд.
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки ба рушди муваффақона ва амиқтар шудани ҳамкории мутақобилан судманд имкон медиҳанд,- тазаккур дода шуд дар мулоқот.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибати ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.
Акс: МН МО ҶТ








Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






