Тоҷикистон ва Туркманистон дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ карданд

Октябрь 3, 2022 11:49

 ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири саноат ва масолеҳи сохтмонии Туркманистон Аннамаммедов Баймират 30 сентябр баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои мухталифи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 3, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид