«ТОҶИКИСТОНРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ДАР ПЕШ АСТ». Чунин изҳори назар намуд Александр Лукашенко зимни мулоқот бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар мо бисёр маҳсулоте мавҷуданд, ки Тоҷикистон ба онҳо ниёз дорад. Мо бо хушнудии калон молу маҳсулоти шуморо, ки ба содирот нигаронида шудаанд, харидорӣ хоҳем кард, ки инҳо, аз ҷумла пахта, металл ва маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд. Шумо низ дар навбати худ барои харидани молҳо, аз ғизову сару либос то мошину таҷҳизот, лифт, автобусу троллейбусҳои истеҳсолкардаи мо ҳавасмандед»,- зикр намуд Президенти Беларус Александр Лукашенко имрӯз зимни мулоқот бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода. Суханони ӯро агентии иттилоотии «БелТА» иқтибос овардааст.
«Мо дурнамои барҷастаи Тоҷикистонро дар ҳамбастагӣ бо рушди энергетика ва истеҳсоли ҳаҷми бузурги неруи барқ мебинем. Ҳоло тамоми ҷаҳон ба ин самт меравад. Дар шумо неруи барқ табиист, шуморо ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ин сарвати шумост. Ва мо шодем, ки шумо ба ин муваффақ шудаед»,-иброз дошт Александр Лукашенко.
Ӯ бо изҳори боварӣ баён дошт, ки Беларус ҳамеша шарики боэътимоди Тоҷикистон хоҳад буд.
«Мо инро аллакай эҳсос намудаем»,-зикр намуд Сарвазири Точикистон Қоҳир Расулзода. Ӯ изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо Беларус барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. «Натиҷаашро мо дида истодаем»,-гуфт Қоҳир Расулзода.
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Беларус ҳамфикр аст, ки кишварҳо бояд ба таври муштарак ба бозори давлатҳои сеюм роҳ ёбанд дар ҳоле ки барои ин имконият ҳаст.
Ёдовар мешавем, қаблан зимни мулоқоту музокирот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Беларус изҳор дошт, ки ҳарду кишвар дар савдо ба василаи баромадан ба бозори кишварҳои сеюм метавонанд инкишоф ёбанд.
«Мо дар муомилоти мол мунтазам рушд ёфта, ба таври сазовор пеш меравем. Ҳарчанд ки, тавре Шумо зикр кардед, ҳаҷми савдо метавонад аз ин беҳтар бошад. Албатта, мо метавонем бештар аз ин ҳам кор кунем, махсусан дар ин замоне, ки начандон осон аст. Мо ба Тоҷикистон мароқи бештар дорем. Тавре ки қаблан дар назди ҳукуматҳоямон вазифа гузошта будем, мо метавонем дар гардиши савдо аз ҳисоби кишварҳои сеюм рушд кунем»,-афзуд Александр Лукашенко.
АКС: «БелТА»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






