Вакили Маҷлиси намояндагон бо аҳли ҷамоати ноҳияи Шаҳринав вохӯрӣ намуд
ШАҲРИНАВ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бо аҳли ҷамоати ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагон масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор дод, ки ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (17-18 июни соли равон), инчунин омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ марбут буданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Файзулло Баротзода вобаста ба вазъи ноороми ҷаҳон ва минтақа, болоравии нарху навои молу маҳсулоти хӯрокворӣ таъкид кард, ки дар заминаи омодагӣ ба мавсими зимистони дар пешистода моро зарур аст, ки камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, барои таъминоти худ дучанд фаъолият намоем, то дар фасли сармо ба мушкилот дучор нашавем.
Номбурда инчунин вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон зикр намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ шарафу номус буда, бояд аз ин мактаби матонату мардонагӣ фарзандонамон гузаранд.
Дар вохӯрӣ доир ба нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва давлатдории навини Тоҷикистон зикр гардид, ки “давлати тоза ба истиқлол расидаи миллати тоҷик дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар вазъияти парокандагӣ қарор дошт. Падидоии таҳдиду манфиатҷӯии гурӯҳҳои гуногун ва идомаёбии низоъҳо сарнавишти ояндаи давлат ва истиқлолияти сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буд. Дар ин кашмакашҳои сиёсии бавуҷудомада, хушбахтона, шахсияти соҳибхирад, дурандеш, огоҳ ва далеру шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуда, тавонистанд бо корнамоии худ миллатро аз парокандагӣ ва истиқлолияти давлатро аз нобудӣ ҳифз намоянд”.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






