Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозӣ супорид

Октябрь 7, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуд.

«Ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ч. Кустебаев супорида шуд»,-  хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Зимнан зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ин гуна изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро чун далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ медонад.Таъкид гардид, ки ин тавзеҳоти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон кӯшиши дағалонае барои таҳмили ақидаи бардурӯғ ба афкори умум доир ба сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба ҳолат ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.

Зимни мулоқот доир ба зарурати ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки метавонанд ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андозанд, табодули афкор сурат гирифт.

                                                             Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 7, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид