«ЗАБОНИ САЪДИЮ ҲОФИЗ, ЗАБОНИ РӮДАКӢ ҲАСТӢ…». Ба нобиғаҳои адабиёт арҷ гузорем, ки дар нигоҳдории забони тоҷикӣ нақши муҳим доранд

Октябрь 5, 2022 16:45

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки забон надоранд, бо забони дигар миллатҳо ҳарф мезананд, мувофиқан фарҳанги маънавии заиф доранд, яъне камнуфузанд. Нуфузи давлату миллат дар забони миллист. Мисол, баъди ҳазорсолаҳо наслҳои ояндаи ин давлатҳо метавонанд пурсанд, ки забони миллии мо кадом аст?, албатта, посух инкор аст. Инчунин дар ҷаҳон ҳастанд миллатҳои омехта, бо умри садсолаҳо, ки дар қиёс ба забони мо дар арсаи ҷаҳонӣ камнуфуз арзёбӣ мегарданд. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин МИРАЛИЁН дар робита ба Рӯзи забони давлатӣ.

«Забони аслӣ забони модарӣ ном дорад, яъне забони модарӣ ҳамон забонест, ки инсон бо он зода шуда, тарбият ёфтааст. Зимнан, забон чун модар беҳамто ва гаронарзиш аст, он бо инсон ба дунё омада, бо ӯ меравад, аммо нигоштаҳо бо он инсонро ҷовидон нигоҳ медоранд», — иброз дошт ӯ. Дар ҳаёти инсон забон яке аз василаҳои муҳимест, ки рисолати созандагӣ дорад, албатта, агар он дар ростои гуфтор ва кору пайкори нек истифода гардад. Чуноне ки устод Саъдии Шерозӣ фармудааст: “Гар сухан ҷон набувад, Мурда чаро зхомӯш аст?”.

Ба андешаи Қиёмиддин Миралиён, забон чун фарҳанги вуҷудии инсон ба соҳиби худ зимни истифодаи ҳадафнок умри ҷовидонӣ мебахшад. “Чунончи, миллати тоҷик маҳз бо хизмати фарзандони хеш дар гузашта имрӯз ҷовид мондааст.Устодон А.Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ, У.Хайём, Ҷ.Балхӣ, С.Шерозӣ, А.Сино ва ҳазорони дигар, ки ҳазор сол муқаддам ҳаёт ба сар бурдаанд, бо осори пурмазмуни хеш забони тоҷикиро ба наслҳои оянда беолоиш нигоҳ доштанд. Бубинед, ки мо ашъори Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Ҷомӣ ва дигар классикони адабиёти форсу тоҷикро бе ягон луғат мехонему мефаҳмем. Ҳол он ки баъзе аз миллатҳо осори ниёгони худро бе луғат хонда наметавонанд”, — мегӯяд ӯ ва ин байти маъруфро барои тақвияти фикраш мисол меорад:

Забони Саъдию Ҳофиз, забони Рўдакӣ ҳастӣ,
Ба мо илму адабомўз, зи даври кўдакӣ ҳастӣ.

Ба гуфтаи ӯ, садсолаҳо боз ин абармардон забони моро бо рисолаҳои эҷодӣ ва ихтироотии хеш ҷовид гузошта, дар сатҳи ҷаҳон маъруф гардонидаанд.

Қиёмиддин ҳамзамон ин суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқбос овард: “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст”.

«Имрӯз моро зарур аст, ки ҳамчун меросдори забони тоҷикӣ, миллати тамаддунофар рисолати виҷдонии худро бо эҳсоси ҳувияти миллӣ ва масъулияти баландӣ ватандорӣ ва хештаншиносӣ иҷро намуда, чун гузаштагон ба наслҳои оянда ин забони таърихӣ ва тамаддунофарро мерос гузорем», — хулоса намуд Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён.

Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС : КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон

 

Октябрь 5, 2022 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Арҷ гузоштан ба он нишонаи эҳтиром ба гузаштагон аст
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
АБАРУСТОДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар дар даври вилоятии озмун иштирок менамоянд
Мавсими 87-уми театрӣ бо операи «Рӯдакӣ» оғоз гардид
УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад
«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид
Дар Душанбе Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024 баргузор шуд
Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд