ЗИНДАГИИ МАЪЮБОН ДАР ДАВРАИ КОРОНАВИРУС ВА ПАС АЗ ОН. Дар Арманистон машварати корӣ доир шуд

Октябрь 13, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон таҳти унвони «Зиндагии мустақили маъюбон дар давраи бемории ҳамагир ва пас аз он»  машварати корӣ доир гардид, ки дар он аз Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Қудратулло Қурбонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев иштирок намуданд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машварат  мутахассисони якчанд кишвар, аз ҷумла Россия, Арманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ иштирок намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон вобаста ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва амалишавии он дар мамлакат маълумот доданд.

Дар машварат таҷрибаи Арманистон дар самти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва амалишавии он дар ин кишвар аз ҷониби мутахассисони Тоҷикистон омӯхта шуд.

Ёдовар мешавем, ки 22 марти соли 2018 дар ҳошияи ифтитоҳи  чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардид. Он 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт.

Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» қабул гардид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 13, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид