Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар муҳокима гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон, инчунин дастгирии ин кишвар дар таҳкими истиқлолияти кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар рафти мулоқот масъалаи идомаи муколамаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд, баргузории ҳамоиши доираҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023” баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, обшавии пиряхҳо, вазъи печидаи Афғонистон, пайомадҳои пандемия, таҳримҳо ва таъсири он ба кишварҳо табодули андеша карданд.
Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд






