«30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Донишҷӯёни соҳибистеъдод қадрдонӣ гардиданд

Ноябрь 17, 2022 11:52

ДУШАНБЕ, 17.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «30 иқдоми ҷавонон», ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита баргузор мегардад, донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанберо бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин бора дар кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маросими қадрдонии донишҷӯён дар ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Кумита Сураҷ Чоршанбезода, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллои Мирзо, муовинони ректори донишгоҳ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш оид ба аҳамияти Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» ва гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо шунида шуданд.

Зикр шуд, ки бо талошу дастгириҳои Пешвои миллат имрӯз нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Баъд аз қисмати расмии чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардид. Дар хатми он донишҷӯёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 17, 2022 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид