«BAKU GRAND SLAM 2022». Ғолибони ин мусобиқа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин», ғолиби мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» Темур Раҳимов ва дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, ҷоизадори медали нуқраи мусобиқаи мазкур Муллораҷаб Халифаевро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Раиси шаҳри Душанбе варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло ва нуқра дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 ва парафшон кардани Парчами давлатии Тоҷикистон таҳният гуфтанд.
Ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе ба Темур Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ тақдим намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки аз 4 то 6 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи олӣ варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гардиданд.
Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгарон барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба онҳо барору музаффарият таманно карданд ва иброз намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муарриф ва номбардори ватани хеш маҳсуб шуда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






