ЭСТАКАДАИ НАВ СОХТА МЕШАВАД! Дар Душанбе бунёди боз яке аз бист гузаргоҳи нақлиётии бисёрқабатаи нақшавӣ дар назар аст

Ноябрь 18, 2022 15:34

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои баъзе аз расонаҳо дар шаҳри Душанбе сохтмони эктакада дар майдони «Бофанда»-и пойтахт оғоз шудааст ва ҷараёни он 2-3 сол тӯл мекашад. Вобаста ба ин маълумот хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» муроҷиат намуд.

Тавре дар Раёсати мазкур хабар доданд, дар айни замон лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаҳои муайян кардани манбаъҳои маблағузории он идома доранд.

«Бунёди эстакадаи мазкур барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат мекунад»,-зикр намуданд дар Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти бозсозии эстакадаи мазкур купруки роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» низ навсозӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки бунёди эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдӣ Шерозии назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шуда, дар доираи он навсозии роҳҳо аз буриши хиёбони С. Шерозӣ то буриши кӯчаи Қаҳҳоров дар назар аст.

То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеқабата, яке дар минтақаи маҳаллаи Қарияи Боло ва дигаре дар маҳаллаи 82-юм мавриди истифода қарор дода шудаанд. Баъди бунёди боз ду эстакадаи нав дар ҳудуди пойтахт шумораи онҳо ба чор адад хоҳад расид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иттилоъ дода буд, то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 адад чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.

Дар Тоҷикистон барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумон охии соли гузашта изҳор доштанд.

Ба гуфтаи Роҳбари давлат, бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

«Давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд»,-иброз намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳо аз ҷиҳати сифатнокии роҳҳо аз зинаи 70 ба 50 боло баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба тадқиқоти Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ФУИ) оид ба сифати роҳҳо дар ҷаҳон хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сифати роҳҳо ба ТОП-50 кишвари ҷаҳон ворид шуда, аз Тайиланд (ҷои 55), Индонезия (60), Эрон (79), Гурҷистон (81), Кувайт (84) ва ҳатто аз чунин кишварҳои аврупоӣ, чун Италия (53), Белгия (56), Полша (57), Исландия (63) ва Венгрия (71) пеш гузашт.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2022 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд