ЭСТАКАДАИ НАВ СОХТА МЕШАВАД! Дар Душанбе бунёди боз яке аз бист гузаргоҳи нақлиётии бисёрқабатаи нақшавӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои баъзе аз расонаҳо дар шаҳри Душанбе сохтмони эктакада дар майдони «Бофанда»-и пойтахт оғоз шудааст ва ҷараёни он 2-3 сол тӯл мекашад. Вобаста ба ин маълумот хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» муроҷиат намуд.
Тавре дар Раёсати мазкур хабар доданд, дар айни замон лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаҳои муайян кардани манбаъҳои маблағузории он идома доранд.
«Бунёди эстакадаи мазкур барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат мекунад»,-зикр намуданд дар Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти бозсозии эстакадаи мазкур купруки роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» низ навсозӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки бунёди эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдӣ Шерозии назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шуда, дар доираи он навсозии роҳҳо аз буриши хиёбони С. Шерозӣ то буриши кӯчаи Қаҳҳоров дар назар аст.
То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеқабата, яке дар минтақаи маҳаллаи Қарияи Боло ва дигаре дар маҳаллаи 82-юм мавриди истифода қарор дода шудаанд. Баъди бунёди боз ду эстакадаи нав дар ҳудуди пойтахт шумораи онҳо ба чор адад хоҳад расид.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иттилоъ дода буд, то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 адад чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.
Дар Тоҷикистон барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумон охии соли гузашта изҳор доштанд.
Ба гуфтаи Роҳбари давлат, бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.
«Давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд»,-иброз намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳо аз ҷиҳати сифатнокии роҳҳо аз зинаи 70 ба 50 боло баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба тадқиқоти Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ФУИ) оид ба сифати роҳҳо дар ҷаҳон хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сифати роҳҳо ба ТОП-50 кишвари ҷаҳон ворид шуда, аз Тайиланд (ҷои 55), Индонезия (60), Эрон (79), Гурҷистон (81), Кувайт (84) ва ҳатто аз чунин кишварҳои аврупоӣ, чун Италия (53), Белгия (56), Полша (57), Исландия (63) ва Венгрия (71) пеш гузашт.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






