АҲОЛИИ ЗАМИН БА 8000000000 РАСИД. Дар Арманистон сокини ҳаштмиллиардуми сайёра таваллуд шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15 ноябр дар таваллудхонаи Мартунии ноҳияи Гегаркуники Арманистон сокини 8- миллиардуми сайёраи Замин, духтаре бо номи Арпӣ ба дунё омад. АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин маълумотро Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) нашр кардааст.
Тавре Артур Ҳованисян, мудири таваллудхонаи Мартунӣ ба хабарнигорон гуфт, Арпии навзод вазнаш 2,9 кг ва қадаш 49 см буда, волидонаш Карен Закарян ва Ани Кочарян дар деҳаи Тсовинари вилояти Гегаркуник зиндагӣ мекунанд. Падараш дар хориҷа кор мекунад ва модараш хонанишин аст. Арпӣ дар ин оила фарзанди сеюм ва деринтизор аст. Ду фарзанди аввал писаранд.
ЮНИСЕФ таъкид кард, ки то ба 8 миллиард нафар афзудани аҳолии ҷаҳон марҳилаи таърихии рушди инсоният мебошад. Зикр карда мешавад, ки барои аз 7 миллиард ба 8 миллиард расондани аҳолӣ 12 сол зарур буд. Тибқи пешгӯиҳои СММ, шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2037 ба 9 миллиард мерасад. Аммо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) иттилоъ медиҳад, ки суръати умумии афзоиши шумораи одамон дар рӯи Замин коҳиш меёбад. Аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи таваллуд паст аст. Афзоиши аҳолӣ асосан аз ҳисоби кишварҳои камбизоаттарин, бахусус давлатҳои Африқо, ки дар ҷануби биёбони Сахара ҷойгиранд, сурат мегирад.
Пас аз афзоиши назарраси аҳолӣ дар миёнаҳои асри 20 суръати афзоиш то андозае суст шуд. Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, барои гузаштан аз марзи 9 миллиард шояд 15 сол лозим шавад ва инсоният шояд то соли 2080 интизор шавад, то аҳолии сайёра ба 10 миллиард расад.
Созмони Милали Муттаҳид гузориш медиҳад, ки ҳисоб кардани шумораи дақиқи одамон дар ҷаҳон хеле душвор аст, ҳангоми ҳисоб кардан шумо метавонед як ё ду сол хато кунед, аммо ҳадди ақалли убури аҳолии сайёра аз 8 миллиардро 15 ноябр зикр карда буд. Солҳои қаблӣ СММ кӯдаконеро сабти ном мекард, ки расман панҷ, шаш ва ҳафт миллиардуми ҷаҳон маҳсуб мешуданд.
Матей Гаспар 11 июли соли 1987 дар Загреб таваллуд шуда, 5- миллиардумин нафар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ӯ оиладор аст ва ба ҳайси муҳандиси кимиё кор мекунад, аммо аз мусоҳиба худдорӣ мекунад ва аз суҳбат бо Би-би-сӣ саркашӣ кардааст. Аз рӯзи таваллуди ӯ аҳолии рӯи Замин боз 3 миллиард нафар афзуд.
Аднон Мевичи 23-сола аз Босния ва Ҳерсеговина шахси 6- миллиардум маҳсуб мешавад. Ӯ дараҷаи магистри риштаи иқтисодӣ дорад ва ҳоло дар ҷустуҷӯи кор аст. Дар Сараево бо модараш Фотима зиндагӣ мекунад. Аднон ёдовар мешавад, ки сиёсатмадорон ҳамеша дар зодрӯзаш ба дидани ӯ меомаданд. Бо шарофати он ки ӯ 6- миллиардумин нафар дар ҷаҳон аст, дар синни 11-солагӣ бо идеали худ- футболбоз Криштиану Роналдо вохӯрд.
Садия Султон Оишаи 11-сола, ки дар Бангладеш зиндагӣ мекунад, сокини 7-миллиардуми рӯи Замин маҳсуб мешавад. Вақте ки баъди таваллуди духтарашон онҳоро рӯзноманигорони телевизион ва мақомоти маҳаллӣ иҳота карданд, аҳли оила ҳайрон шуданд.
Се муассисаи асосие, ки пешгӯиҳои аҳолии ҷаҳонро таҳия мекунанд, Созмони Милали Муттаҳид, Институти андозагирӣ ва арзёбии саломатӣ (IHME) дар Донишгоҳи Вашингтон ва Маркази IIASA Витгенштейн оид ба демография ва рушди глобалии инсонӣ дар Вена мебошанд. Тибқи маълумоти СММ, шумораи аҳолии ҷаҳон дар солҳои 2080-ум ба 10,4 миллиард нафар мерасад ва тибқи пешгӯиҳои IHME ва IIASA-Витгенштейн, шумораи аҳолии ҷаҳон пештар, дар солҳои 2060-2070 ба 10 миллиард нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки 23 июли соли 2022 дар Тоҷикистон сокини 10-миллионумини кишвар ба дунё омад, ки вай писар буда, вазнаш 3 килою 250 грамм ва қадаш 50 сантиметр аст ва ба кӯдак Фирдавс ном ниҳоданд. Ӯ дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Шаҳрванди 10-миллионуми Тоҷикистон фарзанди нахустини хонаводаи муҳоҷири корӣ ва хонанишин, сокинони яке аз навоҳии пойтахти ҷумҳурӣ мебошад
АКС аз манбаъҳои боз








Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд






