Ҷамолиддин Абдуллозода дар Анталия аз Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ баргузор гардид, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз он дидан намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорат.
Дар намоишгоҳ таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ, ки ҳар кадоми он дар самти ташхис ва табобати беморон нақши муассир доранд, ба тамошо гузошта шуда буданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ҳамчунин бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фаҳреттин Коҷа мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки дар айни замон ҳамкории ду давлат дар баробари самтҳои гуногун дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






