Ҷамшед Машрабзода президенти нави Федератсияи гӯштини Тоҷикистон интихоб шуд

Ноябрь 11, 2022 14:44

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/.  11 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он  истеъфои президенти федератсия Комил Мирзоалӣ тасдиқ гардида, президенти нави Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода интихоб шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамшед Машрабзода ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ талош мекунад.

“Бояд дар навбати аввал рушди гӯштин миёни наврасон таъмин карда шавад. Зеро агар варзишгар ҳамаи зинаҳоро тай кунад, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Барои ин мо сохтмони як толорро барои тамрини дастаҳои мунтахаби ҳам наврасон ва ҳам ҷавонону калонсолон ба нақша гирифтаем. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар наздиктарин фурсат сохтмони Маркази гӯштинро дар пойтахт шурӯъ хоҳем кард”,-гуфт Ҷамшед Машрабзода.

Дар идома бо пешниҳоди президенти нави Федератсия мутахассисони соҳаи варзиш Шодӣ Баҳромов, Саидҷалол Саидов, Алишер Каримов ноибони президент ва Тоҳир Шаҳобзода котиби генералии Федератсияи гӯштини Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, роҳбарияти нави федератсияро табрик намуда, ёдовар шуд, ки дастоварди варзишгарони мо дар намуди гӯштин назаррас аст. Аз ҷумла мо аз ин намуд медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ, нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Чемпионати Осиё, ҷоизадорони Бозиҳои олимпии наврасон, Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва ғайра дорем.

Дилшод Назаров изҳори умед кард,  ки бо фароҳам овардани  шароити хуб ва дастгирии пайваста гӯштингирони мо имкони ба даст овардани натиҷаҳои назаррасро доранд.

Акс: КМО

Ноябрь 11, 2022 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад