Ҳанс Ҳенрӣ Клюге аз муассисаҳои тандурустии ноҳияи Шаҳристон дидан менамояд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ва дигар намояндгаони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳристон сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур шинос хоҳад шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
29 октябр дар шаҳри Душанбе Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шуда истодаанд.
Худи ҳамон рӯз Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ҳамроҳ бо Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Файзобод сафар намуда, бо фаъолияти Маркази саломатии «Дубеда» шинос шуд.
Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге зимни вохурӣ ба табибони маркази саломатии мазкур барои хизмати софдилона баҳри таъмини солимии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дод.
Инчунин дар идомаи сафари корӣ меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 31 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқот Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ, таъмини солимии ҷомеа ва талошҳои созанда ҷиҳати густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ҷоизаи Созмон сарфароз гардонданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






