Ба иқтисоди ҷаҳонӣ хатари рукуд таҳдид менамояд, изҳор медорад Си Ҷинпин
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иқтисоди ҷаҳонӣ бо хатари таназзул рӯ ба рӯст, бинобар ин мебояд афзалият ба рушди ҷаҳонӣ дода шуда, кишварҳои рӯ ба тараққӣ дастгирӣ карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Телевизиони Марказии Чин хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 15 ноябр Роҳбари ҶМЧ Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар нишасти G20 дар Бали (Индонезия) иброз дошт.
«Мо бояд ба рушди устувори ҷаҳонӣ мусоидат намоем. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ бо монеаҳо ва иқтисоди ҷаҳонӣ бо хатари таназзул рӯ ба рӯ гашта истодаанд. Барои ҳама осон нест ва бори асосӣ бар дӯши кишварҳои рушдёбанда меафтад»,-изҳор дошт Си Ҷинпин, ки суханҳои ӯро ВКХ Чин иқтибос меорад.
Вай таъкид кард, ки маҳз барои ҳамин ба масъалаи тараққиёт беш аз ҳар вақти дигар диққат додан зарур аст.
«Моро мебояд барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳонӣ шарикӣ ба роҳ монем, рушдро дар авлавият қарор диҳем ва мардумро дар марказ гузорем, ҳамеша мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққиро дар хотир дошта бошем ва манфиатҳои онҳоро ба инобат бигирем»,-иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол Си Ҷинпин таъкид дошт, ки Чин аз дохилшавии Иттиҳоди Африқо ба G20 пуштибонӣ мекунад.
АКС: «Синхуа»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






