Бахшида ба 30 соли равобити Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломи Эрон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон бахшида ба 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон таҳти унвони «30 соли равобити Тоҷикистон ва Эрон: вазъ ва дурнамо» Конфронси байналмилалии муштарак баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, дар кори конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Марказ Хайриддин Усмонзода ва роҳбарону коршиносони касбии ниҳодҳои зеҳнӣ, доираи васеи намояндагони илму адаб, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, сохторҳои давлатии Эрон, аз ҷумла, Мудири кулли дипломатии умумӣ ва расонаи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Дилхуш, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ ва дигар шахсиятҳои маъруфи ҶИЭ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиши илмӣ доир ба ҳамкории фарогири Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои гуногун тайи 30 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ ибрози назар карда шуд. Аксари коршиносон аз раванди мусбати ҳамкорӣ ёдовар шуда, дастовардҳои арзишмандро маҳсули талош ва иродаи сиёсии роҳбарони олии ду кишвар донистанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эронро ба чаҳор давраи таърихӣ тақсим намуда, таъкид кард, ки бо талошу таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо кишвари дӯст ва бародари Эрон дар соҳаҳои гуногун таҳкиму густариш ёфтаанд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эронро таҳлил намуда, ҳамкории фарҳангиро ҳамчун омили муҳим дар муттаҳидии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ намуд. Илова бар ин, директори Марказ нақши ин ду кишварро дар таъмини амнияти минтақа калидӣ баҳогузорӣ кард.
Дар фарҷоми ҳамоиши байналмилалӣ ду китоби коршиносони Эрон ва Тоҷикистон доир ба равобити дуҷониба рӯнамоӣ гардид.
Акс: МТС








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






