БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ба 90 нафар духтарон либосҳои зимистона тақдим шуданд

Ноябрь 22, 2022 09:47

РАШТ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Рашт Муқимҷон Набизода туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро, ки иборат аз либосҳои духтаронаи зимистона буданд,  ба 90  нафар гулдухтарони  Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳия, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории ноҳия тақдим намуд.  Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД  иттилоъ доданд.

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.

Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд ва хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳия пайваста дастгирӣ карда мешаванд. Ин табақаи аҳолӣ таҳти  таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Ноябрь 22, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид