Бар асари ҳамлаи мушакӣ дар ҷануби Туркия шаш нафар кушта шуданд

Ноябрь 22, 2022 10:04

 ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Террористони YPG (қаноти суриягии ҲКК – тавзеҳи «Анадолу») ҷануби Туркияро мушакборон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Анадолу».

Тирборони минтақаи марзии Карқамиши вилояти Газиантеп аз шимоли Сурия сурат гирифтааст. Волии Газиантеп Довут Гул хабар дод, ки террористон дар маҷмӯъ ба минтақаи Карқамиш 5 мушак партоб кардаанд, ки бар асари он се нафар кушта ва шаш нафар захмӣ шудаанд.

Ба маҳалли сӯхтор мошинҳои ёрии таъҷилӣ фиристода шуданд.

Ба маълумоти манбаъҳои маҳаллӣ, таркиш дар ҳудуди бинои яке аз литсейҳо рух додааст. Ғайр аз ин, партоби мушак дар ду бинои истиқоматӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Як снаряд дар назди гузаргоҳи Карқамиш ба мошини боркаш бархӯрдааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид