Барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон доир ба идоракунии ҳайат дар замони муосир давраи омӯзишӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир» давраи омӯзишии навбатии такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии ҷавони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Давраи омӯзишӣ дар асоси барномаи мукаммали таълимӣ аз 31 октябр то 5 ноябр баргузор шуда, мавзӯъҳои «Шарҳи Низомнома дар бораи захираи кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 21 декабри соли 2021», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ», «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ», «Идеологияи миллӣ ҳамчун олмили муҳими худшиносии миллӣ», «Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ»-ро дар бар мегирад.
Инчунин дар ҷамъбасти давраи омӯзишии тамили ихтисос бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа бо мақсади табодули донишу таҷриба дар мавзӯи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш баргузор шуда, шунавандагони он соҳиби гувоҳнома мегарданд.
Дар ифтитоҳи давраи омӯзишӣ муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода сухан намуданд.
Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст. Дар робита ба ин тартиби ташкили захираи кадрҳо барои пешбарӣ ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ташкили кор бо захираи кадрҳо ва ташкили махзани маълумоти кадрҳои захира дар мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ гардида, барои интихоби дуруст ва таъини кадрҳои арзанда дар мансабҳои роҳбарикунанда мусоидат менамояд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ








494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд






