Барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон доир ба идоракунии ҳайат дар замони муосир давраи омӯзишӣ оғоз ёфт

Ноябрь 1, 2022 10:47

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир» давраи омӯзишии навбатии такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии ҷавони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давраи омӯзишӣ дар асоси барномаи мукаммали таълимӣ аз 31 октябр то 5  ноябр баргузор шуда, мавзӯъҳои «Шарҳи Низомнома дар бораи захираи кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 21 декабри соли 2021», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ», «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ», «Идеологияи миллӣ ҳамчун олмили муҳими худшиносии миллӣ», «Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ»-ро дар бар мегирад.

Инчунин дар ҷамъбасти давраи омӯзишии тамили ихтисос бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа бо мақсади табодули донишу таҷриба дар мавзӯи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш баргузор шуда, шунавандагони он соҳиби гувоҳнома мегарданд.

 Дар ифтитоҳи давраи омӯзишӣ муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода сухан намуданд.

Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст. Дар робита ба ин тартиби ташкили захираи кадрҳо барои пешбарӣ ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ташкили кор бо захираи кадрҳо ва ташкили махзани маълумоти кадрҳои захира дар мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ гардида, барои интихоби дуруст ва таъини кадрҳои арзанда дар мансабҳои роҳбарикунанда мусоидат менамояд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 1, 2022 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид