БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия гузаронида шуданд

Ноябрь 3, 2022 16:37

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар ҷумҳурӣ аз ҷониби табибони тоҷик ва дар ҳамкорӣ бо табибони Швейтсария буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия ба роҳ монда шуданд. Ҷарроҳии мазкур дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Муовини директор оид ба корҳои муолиҷавии маркази мазкур Акбар Муродов гуфт, ки «муҳимияти ин намуди ҷарроҳиҳо дар он аст, ки раванди барқароршавии он назар ба бемороне, ки ба таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд, ҳамагӣ ду-се рӯз давом мекунад».

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии мамлакат ҳамчунин нақша дорад, ки дар ҳамкорӣ бо давлати Швейтсария бо истифода аз технологияи муосир ҷарроҳии қафаси синаро амалӣ намоянд.

Ба гуфтаи масъулин, беморе, ки бояд ҷарроҳӣ мегардид, 41-сола буда, бо шикоятҳои сулфа ва нафастангӣ ба марказ муроҷиат кардааст. Дар бемор томогрофияи компютерӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки дар дар қафаси синаи ӯ калоншавии гиреҳҳои ломфатикӣ ҷой доранд.

Табибон бо истифода аз технологияи навин яке аз гиреҳҳои ломфатикиеро, ки дар қафаси сина калон шуда буд, гирифта, онро барои ташхис пешниҳод ва бемориро аниқ мекунанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 3, 2022 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд