БОЗИИ ДӮСТОНА. Петр Сегрт ва Валерий Карпин ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россияро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия ҳайати дастаҳоро барои бозии дӯстонаи дарпешистода, ки 17 ноябр дар Душанбе баргузор мегардад, эълон карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигарро шомил намудааст, ки 15 нафарашон легионеранд. Ба рӯйхати Петр Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил гардидаанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Россия бо роҳбарии Валерий Карпин бозигарони зерин шомиланд:
Дарвозабонҳо: Сергей Песяков («Ростов»), Матвей Сафонов («Краснодар»), Александр Селихов («Спартак»), Антон Шунин («Динамо»).
Ҳимоятгарон: Иля Агапов («Пари НН»), Мингиян Бевеев («Урал»), Даниил Денисов, Георгий Джикия, Руслан Литвинов, Даниил Хлусевич (ҳама дастаи — «Спартак»), Виктор Мелёхин, Максим Осипенко, Александр Сильянов (ҳама дастаи — «Ростов»), Вячеслав Караваев, Дмитрий Чистяков (ҳарду дастаи — «Зенит»), Артём Макарчук («Сочи»), Александр Солдатенков («Крылья Советов»).
Нимҳимоятгарон: Илзат Ахметов, Никита Кривцов (ҳарду дастаи — «Краснодар»), Дмитрий Баринов, Артём Карпукас, Антон Миранчук (ҳама дастаи — «Локомотив»), Максим Глушенков, Сергей Пиняев (ҳарду дастаи — «Крылья Советов»), Арсен Захарян, Даниил Фомин (ҳарду дастаи — «Динамо»), Антон Зинковский, Данил Прустев (ҳарду дастаи — «Спартак»), Андрей Мостовой («Зенит»), Даниил Уткин, Даниил Глебов (ҳарду дастаи — «Ростов»), Лечи Садуллаев («Ахмат»).
Ҳамлагарон: Александр Соболев («Спартак»), Фёдор Чалов (КМВА), Николай Комличенко («Ростов»), Владимир Сычевой («Оренбург»).
Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Россия 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
Акс: ФФТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






