ЧҶ-2022. Писари президенти Либерия Веа аввалин голи дастаи мунтахаби Амрикоро дар Чемпионати ҷаҳон дар Қатар зад
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Писари президенти Либерия ва барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 1995 Ҷорҷ Веа — Тимоти Веа аввалин голи дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар Чемпионати ҷаҳон оид футбол дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ бар зидди Уэлс зад.
Ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии ИМА Веа дар дақиқаи 36-уми бозӣ тӯбро ба нишон расонид.
Дар тӯли фаъолияти бозигарӣ падари Веа дар дастаҳои «Монако», «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса, «Милан»-и Италия, «Челси»-и Англия ва «Манчестер Сити» бозӣ карда, чемпиони Италия ва Фаронса гардид. Соли 1995 ӯ беҳтарин футболбози Аврупо эътироф шуда, соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» шуд. Ҷорҷ Веа ягона намояндаи қитъаи Африқост, ки ин ҷоизаро ба даст овардааст. Дар баробари ин, либериягӣ ҳеҷ гоҳ дар чемпионатҳои ҷаҳон бозӣ накардааст.
Пас аз анҷоми фаъолияти футболии худ Ҷорҷ Веа ба фаъолияти башардӯстона ва сиёсӣ машғул шуд. Моҳи декабри соли 2017 ӯ 25-умин президенти Либерия шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






