Чин дар шаш моҳи охир бори аввал дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор ҳолати нави COVID-19-ро сабт намуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Чин бори аввал дар ним соли охир шабонарӯзи гузашта беш аз 20 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирусро сабт карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 16 ноябр Кумитаи давлатӣ оид ба масоили гигиена ва тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар додааст.
Ҳамин тавр, аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки давоми як ҳафта сатҳи беморӣ дар кишвар қариб 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ дар муассисаҳои тиббии Чин дар айни замон 136 844 сироятёфтагон (бо шумули беморони беаломат) ҳастанд, ки нисбат ба як моҳи пеш шаш маротиба зиёд аст.
Аксари онҳое, ки моҳҳои охир дар Чин сироят шудаанд, аломати беморӣ надоранд. Онҳо тақрибан 88% ҳамаи беморони гирифтори ковидро ташкил медиҳанд, ки дар кишвар таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Дар аввали моҳи январ ин нишондиҳанда ҳамагӣ 15% буд.
Миёни минтақаҳои Чин вазъияти мушкилтарини эпидемӣ дар музофоти ҷанубии Гуандун ба қайд гирифта шудааст, ки тақрибан 27% сироятёфтагон дар он ҷойгиранд. Пас аз он музофоти марказии Хэнан ва вилояти мухтори Муғулистони Дохилӣ (шимол) қарор доранд. Паҳншавии вирус дар саросари манотиқи кишвар идома дорад.
Ҳукумати Чин сиёсати «таҳаммули сифрӣ»-ро нисбат ба COVID-19 идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, ба стратегияи давлатии муқовимат ба коронавирус имсол тағйироти ҷиддӣ ворид ва он чандиртар шудааст. Пеш аз ҳама, ин ба карантин ва канорагирӣ таъсир расонидааст — ҳоло талабот нисбат ба як соли қабл нармтар аст. Дар Чин беш аз 9,4 ҳазор маҳаллаҳои истиқоматӣ мавҷуданд ва хатари сироятёбӣ хеле зиёд ва нисбат ба аввали моҳи ноябр ду маротиба бештар мебошад.
АКС: тасвир: storage.myseldon.com








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






